Влюблённый и цветок на таджикском

Бахтали Мирзоев
Ошик:
Эй гуле, ки дар фасли бахор хазон зада!
Эй ки дар калби ман оташи сузон зада!
Эй гуле, ки ин бор боди сабо надида!
Эй гуле, ки дасти хеч ёр туро начида!
Магар мисли дигар гулхо чавон набуди?
Магар мисли дигарон шукуфон набуди?
Чи гуна ту дар ин бахор пачмурда шуди?
Зинда буди, охир чи гуна мурда шуди?
Айёми пачмурдагиат фасли поиз буд,
Он гох агар пачмурда шави чоиз буд.
Гул:
Эй ошики гамхор, ки мисли ман зор гашта!
Чун гул будаву,акнун мисли ман зор гашта!
Оре, манам чун дигар гулхо чавон будам,
Дар ин бахор чун дигарон шукуфон будам.
Чун дар интизори ёрам бекарор шудам,
Ёрам наёмад, ба ин хол гирифтор шудам.
Эй ошик, ту дигар бароям ашк нарезон,
Бас, дигар ин кадар ба холам дил насузон.
Чун бахори дигар ояд, дигар гул шавам,
Боз хам дар ин гулзор ошик булбул шавам.

Ошик:
Худо нигахдор булбули маст ёри ту бод!
Хамаи шукуфтанхо сазовори ту бод!