Дубатихо-два бейта или четверостишие на таджикском

Абдукахор Косимов
 
Ѓарибафтодаам, бому дарам ку?
Кабутарбаччаам, болу парам ку?
Ба танхои кашам бори ѓариби,
Нигоњи мехрбори модарам ку?
***
Саморо дар кафи дастам бигирам,
Маро то илм бошад, беназирам.
Агар дониш набвад, хамчу мўрам,
Ки зери бори ангуште бимирам.

***
Ба хоки рах баробар бошам, эй дўст.
Ба хар ќавме бародар бошам, эй дўст.
Зи хоки пок одамро сириштанд,
Бихохам оби Кавсар бошам, эй дўст.

***
Ба дасти бод гар додам хаётам,
Ба дасти ѓусса шодию нишотам.
Чи кас бошам, агар бидхам ба даврон
Зи ќалби хештан як зарра имон?
 

Гаму шоди  шабу рўзанд, эй дўст,
Машав ѓамгин зи даврони  замона.
Кафонад чашми рўзат санги хуршед,
Чунин айём бошад човидона.
 ***
Гули бахори дилам хандаи фасонаи ту,
Парида мурги хаёлам ба ошёнаи ту.
Дари дилат бикушо, эй азизи чону дилам,
Вагарна зор бимирам ба остонаи ту.   
               ***         
Зи  худ рафтам, дигар худро надидам,
Тамоми бахти камбудро надидам.
Бигў, эй дўст, мурѓи бахти ман ку,
Ки ман ин мурѓи ношудро надидам.
 ***
Сари моро агар дарде набошад,
Ба рахгумкарда њамдарде набошад.
Агар чонро ба рохи ишќ бозем,
Бидон, эй дил, ки номарди набошад.
***
Ба зулфони ту амбар хона карда,
Ба бўи худ маро девона карда.
Бигўям дод аз дасти чудои,
Маро аз шањри худ бегона карда.
***
 
Надори тоќати ѓамро,  чи гўи,
Надони дидаи намро,  чи гўи.
Лабон барги гули шабнамрасида ,
Надони ќадри шабнамро,  чи гўи.
***