Дустат дорам, умарак!

Абдурахмон Сулаймони
Дустат дорам туро, эй Умарак,
Чунки ту хамсоядехами мости.
Бахри мо хамсояи неку карин,
Тухфае аз Холики яктости.

Дуст медорам туро эй Умарак,
Бо бузургону накумардони ту.
Бо занону духтарони хушчамол,
Бо Тахамтан-пахлавон, гурдони ту.

Дуст медорам, туро эй Умарак.
Бо хавои чаннатосои начиб,
Бо насими Варку Фндуву Хироч,
Даррахову чашмасорони ачиб.

Дуст медорам туро, эй Умарак,
Бо мазори Курбумухамади Вали.
Бо чинори соябону хушсафо,
Дастнихоли Хазрати Оли Али.

Дуст медорам туро, эй Умарак,
Бо мазори Хочахои Беназир.
Бо катор асёб дар Асёбдара,
Богхову мевахои дилпазир.

Дуст медорам туро, эй Умарак,
Бо гулу пудинахои гирди чу.
Бо кавипайкар гурдони баор,
Дар мисоли Мирзойи Мурунду

Дуст медорам туро, эй Умарак,
З-он, ки моро дарси неку додаи,
Дарси илму донишу мехру вафо,
Хам сафову сидку неру додаи.

Дуст медорам туро, эй Умарак,
З-он, ки ту дусти чавонии мани.
Ту диёри хамсафу хамсинфхо,
Мактабу дустони чонии мани.

Дуст медорам туро, эй Умарак,
З-он, ки ман андар канорат рустам.
Мактаби одамгариву одами,
Аз накумандони ту омухтаам.

Дуст медорам туро, эу Умарак,
Чунки модархои мо фарзанди туст.
Харки дорад модари худро азиз,
То абад, эй Умарак, дилбанди туст.