Суруди алла!

Алиджон Носиров
Мевахои боги ишки мо
Алла гуям алла шуморо
Ширинтар аз дилу чон шумо
Алла гуям алла шуморо

Кувват бахшад бар дили моен
Хар хандаю хар шодиятон
Мехнат кунем мо хар рузу шом
Барои рузи накуятон

Пурханда бошад лабхоятон
Бошад худо нигахбонатон
Хам бахри хушбахтии моен
Бошед саломат шумоякон

Бихонам аз дилу чон хар шом
Суруди алларо бахратон
То гардад ширинтар хобатон
Тезтар шавед шумоен калон

Хонда мактабхо хубу аъло
Донои замон шавед шумо
Давом дихед рохи неки мо
Обруи мо бардоред хар чо