Ба устод Мирзо Турсунзода

Хасан Аль Наккаш
   
 Ба устод Мирзо Турсунзода

Мабод сузи дилу ашки дидаи гирён ,
Илочи фуркати Мирзои шоиру инсон.
Агар ба сузу гудоз орзу ба даст ояд ,
Аланга дар чигар афкандам аз хуруши фигон.
Хар он чи ёд биёрам шамоили онро ,
Шуъои оташи калбам шавад зи сина аён.,
Паёми хасрату андух, агар ба дил додам,
Ба оби дидаи хунин супурд посухи он,
Раво набуд ба мехмону ахли худ, устод,
Чунин чафогари бо тарки чумлаи ёрон.
Набуд шарти мурооти лутфи инсони,
Ки баркани зи ман он рахму шафкату зхсон.
Бигуфтамат, ки ятиму гарибу дарбадарам,
На модару на падар дораму на чою макон ,
Бигуфти: “Гам махур аз гypбaту фироки ватан ,
Диёри мо чу арус асту чаннати ризвон.
Ман аз барои ту хамчун падар шавам гамхор
Ва дарди хачри туро ин Ватан бувад дармон”,
Бале, дар ан Ирами лолазор будaм шод,
Вале хамида маро доги ту чу кавси камон.
Ятими мехри падар хар касе бувад як бор,
Манам дубора ятим аз падар дар ин бухрон.
Хазор нолаву бедоду ох, аз ту ачал,
Ки синаам зи азоби ту гашта чун вулкон.
Умед рафтаву баргашта боз нокоми,
Ки баъд аз ин хамаи умри ман бувад эхзон.
Сафед гашта маро муи сар чу дода ба дил
Сиехиаш, ки шавад огах, аз вуруди хазон.
Аз он сафедии сар чуз кафан нашояд буд,
Ва ин сиёхии дил бахри гур буда нишон,
Фарози умр гypypy нишеби он дард аст ,
Чунон ки ханда туро окибат кунад гирён.
Агар чунин бувад омори зиндаги, эй дил,
Раво мадор бадиро ба хеч пиру чавон.
 
Дар рузномаи «Газетаи муаллимон» 7 феврали соли 1981 чоп шудааст