Мизони хакикат

Хасан Аль Наккаш
Мизони хакикат
(Ба Мирзо Турсунзода)

Ба Мирзои шоир – ба марди наку,
Ба сарбози сулху амони бигу:
-Биё, зи хакими фунуни адаб,
Туро сулху осоиш андар талаб.
Каламро чу шамшери тез аз гилоф,
Бикаш руи хохони чангу хилоф.
Нигар, ахли олам барорад хуруш,
Ки душман бигардида дар чунбучуш.
Ту, хамчун мубориз барои хаёт,
Бидех, одамиро начот аз мамот.
Бигу: Эй адуи бадафкору кеш,
Гумоне мабар пай ба чуз марги хеш.
Хар он кас, ки теги чафо баркашад ,
Хамоно ба фарки сари худ фитад.
Кучое, ки бошад паланги шарур,
Хамон чо каминаш бувад шери зур.
Музаффар бувад он сабури даранг,
На он кас ни бошад мухайё ба чанг.
Наомад ба гети касе нобакор,
Ситамро тавонад кунад пойдор,
Чи соне кунад эулмати шаб буруз,
Варо бар фано медихад субхи руз.
Xакикат чу мизон бывад дар чахон ,
Бисанчад башар хакку ботил дар он.
Ба золим гувохи дихад бар адам,
Ба одил дихад хайру лутфу карам.
Агар нафси бад майли зишти кунад
Ба бунёди тан мушти фони занад,
Гурури такаббур ба пасти занад,
Шукухи тавозуъ ба рафъат барад.
      ......
Биё, чони човиди назми Ачам,
Ту устоди шеъри, туи мухташам!
Туи фаркади осмони шуур,
Туи меваи нахли боги сурур.
Ту Мирзои даргохи фазлу хунар,
Зи ранчи ту шуд илму фан пурсамар,
Туи зинда дар таййи хукми духур,
Ба мо муршиди дар гиёбу хузур.
Туро хамду шукру санои касир,
Эй мехнаткашу олиму хар дабир.


Дар рузномаи «Газетаи муаллимон», 26 сентябри соли 1981нашр гардидааст.