Дар ватани шеър

Хасан Аль Наккаш
Дар ватани шеър


Эй дило, мужда, ки дидам асари пайрахи ёр,
Омад он ишвагари нозу ниёзи мани зор.
Офтобу маху парвину тамоми малакут,
Зада саф дар рахи ош шухи сияхчашми хумор.
Ногахон гашт фурузон хама анвори само,
Чу расид он бути ороиши сахрову диер.
Абрхо гашта пароканда зи теги нигахаш,
Чун чигарпораи хар ошики ночустабарор.
Шамс чун калби фалак дар тапиш омад зи хасад,
Аз чамоли рухи он зевари хар лутфу викор.
Мох аз тараи шаб карда хичобе зи хичил,
Чун намудор шуд он точи арусони бахор.
Вах аз ин шаклу шамоил, вах аз ин хусни ачиб,
Ки бикохид зи дилхои хама сабру карор.
Зулф чун халкаи доме, ки дар у гашта асир,
Хар киро ишк биафканда ба майдони хавор.
Рух чу оинаи софе, ки дар у чони ашик,
Мезанад мавч, чу хун дар дили мачнуни фигор.
Чашм чун зулмати шаб хуфта ба домони сахар,
То шавад мехри сиехию сафеди бисёр.
Токи абруи сиехаш шуда мехроби умум,
Бикунад сачда дар у гарбу масехию татор.
Лаб чу сарчашмаи кавсар бидихад оби хает,
Хар ки дар рифъати инсон бинамояд сару кор.
Гуфтамаш: Ном чи дорию иакони ту кучост?
Чун ки дар васфи ту эъчози сухан рафта канор.
Гуфт: Нврузаму фируз дар ин Шарки кухан,
Шарки ирфону тамаддун ватани шеъру шиор.
Иди Навруз дар ин руз зи Хайёми Хаким,
Исфизорию дигар Восити шуд ёдгузор.*

*Умари Хайем бо хамкории ситорашиносон Абулмузаффари Исфизори ва Маймун бинни Начиби Восити бо фармони Низом-ул-мулк рузи иди Наврузро аз чихати илми мукаррар кардаанд.


Дар рузномаи «Маориф ва Маданият»
22 марти соли 1969 нашр гардидааст.