Насихатхои бепоён

Хасан Аль Наккаш
Туро, эй Точикистони Кубоду тахти Сомони
Муборак иди фирузат, ки дар олам ту пуршони,
Туро фирузию нусрат аз хам озодию неъмат,
Зи Ленин шуд ато бар ту чу бахри сулх буньёни.
Фалакро шодию шайдо фаро бигрифта то Чавзо,
Ки номи Точикистон шуд чу точи фахри кайхони.
Ачаб не инчунин номе ба ин турбат, ки хуккоме
Аз у руида бехамто чу фарзандони Сомони.
Дар он дуньёи пургавго зи чаври молику ого,
Набуда як тавоное, ки орад хукми хаккони.
Ба ногах кавни ободи мушарраф шуд ба навзоде,
К-аз у умеди махрумон гирифта холи инсони.
Бо олам омад он ахтар, ки бо пураш кунад ховар
Бурун аз зулмати вахшат чу шамс аз уфки пинхони.
Агар хохи куни ёдаш навишта бар шафак номаш,
Ки фахри точикон бошад ба Исмоили Сомони.
Тавозуъ гар бувад дарсе бихохи чун бувад пурси,
Зи  Исмоили Сомони бичу он дарси ирфони.
Бигуфт он марди богайрат нишони одами хашмат,
Бувад дар урфи хар мазхаб на молу точи шохони.
Ман Исмоили Сомони ту чун як марди дехкони
«Тафовут нест дар одам магар дар илму нодони».
«Такаббур асли тугьён аст, ки дар он офати чон аст,
Хар он кас бо такаббур шуд бувад махсули хайвони.
Агар шуд муттахид халке, ки дорад муштарак хакке,
Ба урфу мулки ачдодаш варо н­ояд пушаймони.
Нашояд фарки ину он бувад дар мардуми Эрон,
На чун ахли Бухорою на Шерозу на Техрони.
На Сугдию на Афкони на Балхию на Гийлони,
Бувад як кавму як кишвар на Кушони, на Сосони,
Макоми Рудаки ин чо ва Хокони бувад он чо,
Дигар Фирдавсию Чоми на чун Хайёму Зокони.
Сипас, он олими доно, ки номаш Буали Сино,
Ки у машхури ин гети бувад чун шамси нурони.
Ва баъд аз он бувад Рози Абубакри сарфарози,
Табиби машрику магриб чу Чолинуси Юнони.
Бигуфтанд он забардастон ба як лафзу ба як унвон,
Ки моро тан бувад Эрону моро зоти Эрони.
Бигуфт он сарвари номи ба мардум бошад ороми,
На хоким байни мо асту на махкумони хирмони.
Хаёти зиндаги буньён бувад аз хар чихат яксон,
На дорою на бесомон бувад дар хукми хаккони.
Адолатро бувад коне к-аз у мачрои хар чоне,
Чахонро адл мепояд зи хар ошубу вайрони.
Бигуфт он сохиби давлат амири мардуми мехнат,
Раъият хокиму моро бувад хакки нигахбони.
Бувад ах ифтихори мо чу Эрони шиори мо,
На шарки бошаду на гарби ба мулки Саъдию Фони.
Набошад хусни одамхо ба андому ба суратхо,
Вале дар халку рафтор аст чамоли хусн агар дони.
Ба сурат одами пайкар ба сират чун бувад аждар,
Бигуяд панду пиндорад занад оташ ба хар чоне.
Фуруги олами вичдон набошад дар усули он,
Ки одамро ба симу зар бувад чохи бузургони.
Чалоли одамиятро ва карру фарри миллатро,
Ба чавру зулм нафзои магар бо мехру хакдони.
Мароми зиндаги ин аст хакки зиндахо чун аст,
Хама гамхори якдиар ба хурсандиву эхзони.
Ба вахдат халки ин кишвар бигирад дасти якдигар,
Фузунад мехру некиро ба чои кеши удвони.
Тараххум кун ба беморон мазан таъна ба маъюбон,
Ятимонро навозиш кун агар муштоки эхсони,
Чунин наст чумлае аз он насихатхои бепоён,
Ки Исмоили Сомони бигуфт аз мехри вичдони.

ххххх
Ин маъони ва сифот ва баъзе гуфтахои Исмоили Сомони, ки дар абьёти зерин мунъакис шудаанд, аз руи сарчашмахои таърихи иктибос гардидаанд.