Паёми гарм зи Багдоду Сурию Лубнон

Хасан Аль Наккаш
***

Бихон ояти эъчозу иффати вичдон,
Навишта бар рухи хар як нафар зи точикон.
Шучоату караму хам махосини ахлок,
Чамоли хилкату хусну латофати инсон.
Тавазуъу хираду санъату хунарманди,
Макорими адабу фанну хикмати Ирфон.
Чунин сифот нашояд тасодуфан гардад,
Магар ба хукми виросат зи мардумони гарон.
Ту вориси хама он орифони човиди,
Ки номашон шуда машхури хар замону макон.
Камолу Саъдию Фирдавсию дигар Чоми,
Сипас Хилолию Хайёму Хофизи пуршон.
Дигар амири бузургони назми мулки ачам,
Чу Рудаки падари шеъру шоирони аён.
Ва хамчунин Абурайхону олимони фузун,
Дигар Абуали Сино хакими кулли чахон.
Аз он бувад, ки фуруги тамаддуни башари,
Аз ин макони кухан гашта шомили кайхон.
Бинозамат, ки туи маъдани шахомату роз,
Биболам аз ту, ки хасти чу манбаи эхсон.
Гарам зи ахли Хичозу Димишку Багдодам,
Вале ба куи ту дидам зи нав хаёти чавон.
Шудам ошики хисоли азими мархамате,
Ки дар ту гашта мухассас миёни оламиён.
Туи фариштаю маъвои туст боги Ирам,
Ту точи исмату ин сарзамин туро ризвон.
Касам ба хурмати нонат, чунон ки пиндорам,
Кунам фидои ту чонро агар бувад шоён.
Муборак, эй Ватану халки сонии Наккош,
Ба чашни иди начотат зи хукми номардон.
Салом бар туву халкат, дуруд бар тую хизбат,
Пайми гарм зи Багдоду Сурию Лубнон.