Ба Мухаммад валиди Сайфиддин

Хасан Аль Наккаш
Нигар ба гунбази толори олами ирфон,
Бубин кавкаби ишроку хикмати Юнон.
Улуми фалсафию мантику риёзиёт,
Дигар балогату одобу санъати шоён.
Агар ба чашми басират назар куни онро,
Аён шавад ба ту симои олимони нихон.
Хакими нобига Сукроту дигар – Афлотун,
Сипас Аристу бузурги муфаккирони чахон.
Ва низ марди дамолоти дониш  Ал-Кинди,
Ва Ибни Рущд хирадманду орифи даврон.
Дигар муаллими сони ба номи Фороби,
Чароги илми фурузони ахли фикру баён.
Ва баъд хотими он мехтарони донишманд,
Ва вориси хама афкору кеши одамиён,
Бузургвор ва фаразанди мардуми точик,
Чахоншумул – Ибни Сино чу нури бепоён…

Дуруд бар ту Мухаммад валиди Сайфиддин,
Ба зодрузи ту табрики маърифатчуён.
Ватан ба мавлиди ин ахтари самои хирад,
Гирифта чашни адаб бо хузури хамватанон.
Умеди миллати точики бо викору шукух,
Дар ин бувад, ки бикуши ба сарфарозии он
Ба-дин чихат ба ситоиш гирифта номи туро
Ки бахри хизмати у тай куни хаёти гарон…
Камина хамчу дигар мухлисони сохибчашн,
Намуда арзи таманно ба хохиш вичдон.

Агарчи ахли Ироку арабнажод астам,
Вале ба мехри ту камтар набошам аз дигарон
Хазор тахнияту орзуи неки араб,
Ки умри дер ба сар бурда бо саодату шон.
Дуо кунад ба ту Наккоши посдори намак,
Ки бахри ин Ватан сониам - МУХАММАДЧОН!
Чавон мони мудом аз барои халку ватан,
Чу Кайс бошиву Лайли туро чувад ирфон.