Нори...

Хасан Аль Наккаш
Шуълаи нори азал гояти Зардушти хаким,
Ки аз он шуд хама оёти Авестои азим.
Нури Норист, ки Мусои паямбар паи он
Рафта то «Води мукаддас», ки дар он гашта Калим.
Чилваи нури тачалли ба фазои малакут,
Зохир аз орази Нори ба самовоти кадим.
Нори оташкада гар кибла бувад бахри мачус,
Киблаи мо бувад он чехраи Нори ба самим.
Руи Нори чу камар дар шабахи холаи мушк,
Шохиди ахди шабоб асту чамол асту наъим.
Зулф чун халкаи зуннор гирехбанди ошик,
Ки бурун рафта зи хар кеш магар ишки муким.
Лаб чу гулгунчаи савсан бари кавсар ба Ирам,
Хамчу паймони ушшоки диловези надим.
Токи абру чу равоки харами каъбаи ишк,
Юсуф андар хами он аст, на дар чохи хасим.
Чашм чун зулмати шаб хуфта ба домони сахар,
Гу, ки Мачнун ба лаби Лайли зада буси харим.
Рух чу оинаи софе, ки дар у мулки бихишт,
Возеху сояи туби панахи нафси салим.
Кад  барафрохта чун харфи нахустин ахад,
Чун худо вохиду Нори ахади халки карим.
Боракалло ба касе, номи туро Нори гирифт,
Нори ту нури чинон аст, на аз нори чахим.
Номи ту мачмари нор аст, на аз нори анор,
Мачмари лаззати хар ошики махчури алим.

Ман агар кавми араб бошаму ту халки Ачам,
Лек дар хусни муваддат хама яксон башарем.
Нориё! Гар ту бахорию ман аз фасли хазон,
Лочарам аз паи якдигарамон рахгузарем.
Хар киро фосилаи умр чу як лайлу нахор,
Хама дар пайрахаи хукми ачал тай бишавем.
Ох, агар ин бувад омори хаёти ману ту,
Бояд андар рахи дилдории инсон биравем.