Хону бидон

Хасан Аль Наккаш
****
Хону бидон…


Бинигар мехри чахон кай ки барояд зи нихон,
В-он гахе бин шабахе дар назар оядба аём,
Чашми хотир бикушо, дар панахи ситри шабах,
То бубини паси он парда сабакхои гарон.
Хунару панду насихат, адабу ишку газал,
Фанни афсонаву хам фалсафаву хикмати чон.
Токи Кисро, бурчи Бобул, харами Мисри кадим,
Дачлаву Нилу Фуроту тахти Чамшеду Каён,
Илми Форобию Берунию Ихвони Сафо,
Закариё ибни Сино ибни Рашиду дигарон,
Инчунин Рудакию Саъдию Хайёму Камол,
Мутаннаби ал маъарри молики назму равон,
Боз Юсуф ва Зулайхо, низ Лайли бари Кайс,
Кухи Фарходи ситамдидаву Ширини замон,
Мавлиди он хама ахли хираду фанну адаб,
Шарк номаш буваду манбаи хар илму фасон,
Гар бихохи ту бидони, ки дар ин Шарки ачиб,
Чи нихода гашта зи асрори мулкони баён,
Мархабо, сад мархабо, точи сару нури басар,
 "Шуъбаи… шаркшиноси" бидаро хону бидон!


Дар рузномаи «Комсомоли Точикистон» 7 июли соли 1968 нашр гардидааст