Шеъри Панди Дерини Сафармухаммад Айюби

Шахзод Ганизода
ПАНДИ ДЕРИН

Одами баднафсро нони дахонаш мекушад,

Шахси бадгуфторро захми забонаш мекушад.

Шавку шури навчавониро пайи ишрат мабар,

Беадабро чунбиши хуни чавонаш мекушад.

Кудаконашро агар н-омухт одобе падар,

Окибат ноодамии кудаконаш мекушад.

Мебари бо худ камон аз тири он андеша кун,

Марди беандешаро тири камонаш мекушад.

Гар шиновар хешро бар сели дарё мезанад,

Халкаи гирдоби дарёи равонаш мекушад.

То ки кад боло кунад по монд дар болои дуст,

Бевафоро дар чудои душманонаш мекушад.

Гуфт Айюби сухан аз синаи бедарду гам,

Дарди он бедардхои достонаш мекушад.