Ожангхои модар

Абдукаюм Мамаджанов
         ОЖАНГХОИ  МОДАР

Хар гахе бинам турову руи пурожанги ту,

Хар як ожанг мекунад накл аз хаёти санги ту.

Мешаванд андешахоям бомаром шабхо ба хоб,

Гар яке орад ба ёдам аллаву оханги ту.

Чун гирад корам барору буи гул хуш оядам,

Он дигар чин гуяд: "Ин аст аз наку фарханги ту".

Гул чаро хуш н-оядам, чун руи туст худ хамчу гул?

Балки гул гардад хичил, дида рухи хушранги ту.

Сузиши дил катрахои хуни пок ашк кардааст,

Чома пушонд катраи ашк лоларо аз ранги ту.

Чун бихоханд накши неки руи когаз оваранд,

Бояд ин тасвир нигоранд бо катрахои ранги ту.

Дил туро доим халиму лафзи некат дилкаш аст,

Зеби пешонию руяст хар як аз ожанги ту.

Доимо авлоди ту дар хизмати халку Ватан

Ворисони содиканду лоиканд бар нанги ту.

Рафта бо изнат ба хифзи сулхи кишвар вакти чанг,

Бинмуд ичро карзи худро бовафо сарханги ту.

Гар хувайдо мешавад ожанги нав дар руи пок,

Ман якин донам варо аз тинати дилтанги ту.

Модарона сарзанишхот боиси бахти ман аст,

Гарчи орад чини нав бар руи зебот "чанги" ту.

Вакти чанги хунину зишт бас ятимон дида, ман,

Дарк кардам накши чине аз кудакии санги ту.

Аз замону нокасон бехад кудуррат дидаи,

Мекунад хайрон маро аз дил рабуда занги ту.

Нарму чанг гардид ба сахро хоки бо каф бехтаат,

Ман хамемолам ба чашмам заррахои чанги ту.

Халкахои ашки ту дар чашми ман давр мезананд,

Дида чине долгашта хамчун кади авранги ту.

Гар туро машгули коре бинаму ранчхои ту,

Ёд орам зиндагии чун кухи Сухт якранги ту.

МОДАРОН АБАДЗИНДААНД!!!


                2008