Меhри модар

Абдукаюм Мамаджанов
        Меhри  модар


Меhри модар qалби мо равшан намуд,

У' дуоhояш ба мо jавшан намуд,

Маънi бахшид бар hаёту кори мо,

Х'ам биафзуд qадру эътибори мо.

Модарам бахшид hаёташро ба мо,

Сарф бинмуд зo'ру суботашро ба мо,

То ки фарзандон набинанд hеj газанд,

Соhиби иззат шаванду сарбаланд,

Талхии рo'згор hарчанд бас кашид,

Х'ам азоби зиндагi беhад кашид,

Доgи фарзанд хун чаконд аз дидааш,

Мушти gам лат зад дили озурдааш,

Кард паси сар он hама мардонавор,

З-он, ки доим буд имонаш устувор.


Монда аз модар ятим дар кудакi,

Менамуд o' эхтиром haр кудаке,

Сила мекард o' сари hар як ятим,

Бахт ба вай мехост аз Яздони Карим.


Qиблагохи мо баhраш буданд азиз,

Чунки o' буд соhиби аqлу тамиз.

Анqариб hафтод сол hамроhи падар

Бовафоi карда, бурд умраш ба сар.

Баъди марги qиблагоhам рo'зу шаб

Раhмат аз Эзид ба o' мекард талаб.

Дур накард аз тан либоси мотамi,

Х'ам намонд холi даргоhашро даме,

То ба рo'зе, ки аспи чo'бинсавор

Кард сафар бо изни Х'аq сo'и мазор...


Се писар диданд ба амри Кирдугор,

Шаш нафар духтар бидод Парвардигор.

Духтари аввал бирафт дар тифлиаш,

Монда ёдгор бистарчаhои холиаш.

Гуфта падруд дар jавони ин jаhон,

Писари дуюм бисo'зонд устухон,

Монд варо нопурра соли hабдаhaш,

Аз сад орзуяш кош медид o' якаш.

Баъди нo'h соли вафоти додарам

Назди o' бинмуд сафар jон хоhарам.

Сиюдусолагии худро вай надид,

Гарчи шаш фарзанд аз o' омад падид.


Ин hама gам мo'и модар кард сафед,

Лек нашуд hаргиз зи дунё ноумед.

Бомуhаббат шаш ятимро парварид,

Гарчи пурдард qалби покаш медарид.

Гашта розi аз хаёташ доимо,

Наздиконашро hамекард o' дуо.

Кас надид з-авлоду хешу аqрабо

Лафзи бад ё туршии рo'и варо.

Талхзабонi баhри o' бегона буд,

Лафзи некаш гo'иё дурдона буд.

Пур зи нур буд хона аз имони o',

Буд кушод доим дастархони o'.


Гашт насибаш нуh даhа дар ин jаhон,

Аввали даhум даhа рафт ногаhoн...


Бе ту беранг шуд hаётам, модаро,

Забт намуд gам ин замон qалби маро,

Холi дида кунjи хона joи ту,

Ёд карда маслиhату дуои ту,

Катраhoи оби дида мисли хун

Мечаканд ин дам зи qаъри дил бурун.


Ё Илоhо, ё Бузург Парвардигор!

Нури раhмат бар сари модар бибор,

Кам макун аз лутфу аз эhсони худ,

Jой бидеh аз Jаннати Ризвони худ!


                24 сентябри соли 2016,
                соати 05.50