Поэма о шахид-е на таджикском языке

Абдукаюм Мамаджанов
    

           Текст этой поэмы на русском языке здесь:
           http://www.stihi.ru/2016/09/26/8397


     Достони «шаhид» *(1)

          Дебоча

Омўхтани лафзи араб маъмул шуд,
Дар баъзе љо орзуи jузву кулл шуд,
Якчанд jавон ба ин амал машѓул шуд,
Ќисме аз он на олим, балки гўл шуд,
Аз миллату урфу одаташ дур шуд,
Ба аjнабї арзонтарин муздур шуд,
Чунки ифротиёни гумроh дарhол
Истифода бурданд пурра аз ин hол.
Чун чанд гумроh барваќт даруни гўр шуд,
Иллати ин амал равшан зуhур шуд.

Пешвоямон даво кард дарди миллат,
К-аз он бархе гумроh гашт, монд дар зиллат,
Супориш дод, к-аз таъсири маккорон,
Аз найрангу макри ба ном диндорон
Xифз намоем насли љавон дар Ватан,
То нагардад тўъмае бар Аhриман.

Биомўхтам  ќисмати чандин jавон,
К-умрашон гардидааст барваќт хазон,
Дил ба риќќат омаду андеша кард:
«Аз чї тоjике «шаhидї» пеша кард?»

Xикояе дар ин мазмун сириштан,
Зи талх таќдир яке достон навиштан
Намудам азму умри як jавоне,
Ки нобуд гашта буд мисли хазоне,
Ба ёд овардаму ин наќли манзум
Намудам пешкаш бар hукми мардум.
Лек узр, ки ман накардаам риоя
Ќоидаи арўз дар ин hикоя.
Бо содагї баёни jумла матлаб
Писандидам, на ин ки шаклу ќолаб.

    Дунёи  орзуњои беѓаш

Дар кўhистон, дар деhе зебоманзар
Шоду хандон, дошта дасти якдигар,
Духтари лоларухеву гулписар
Сўи мактаб медавиданд hар саhар.
Шод аз он буданд, к-имсол hар дуяшон,
То шавад иjро дерин орзуяшон,
Мешаванд дохил ба донишгоh, агар
Розї гарданд меhрубон модар, падар.

Кош, аз дунёи ботини фарзандон
Хабардор мебуданд jумла пайвандон,
То ки дар зиндагї раhгум нагарданд,
Пушаймонї наорад он чї карданд.


 
    Маслиhати хонаводагї

Дил кушод бар ќиблагhаш он писар:
- Тањсили хеш, кош, давом диhам, падар,
То шавам соhиби касбе дар hаёт,
Донишам афзун кунам аз  эhтиёт*(2).
Шуд маъќул ба волидонаш ин сухан,
- Боракалло, - гуфт модар, -jони ман,
Хор нагаштаст дар jаhон соhибhунар,
Мардум ўро мениhад болои  сар.
Аз падар низ бишунид ў офарин,
К-ин буд барояш баhои бењтарин.
Аhсанаш гуфту падар рўзи дигар
Бинамуд хешон ба маслиhат хабар.
Гуфт: «Бе дуои неки корогаhе
Кори хайрро сар накардем hеj гаhе…»
Чамъи  хешон бо дуоhои накў
Маслиhат аз аќли худ доданд ба ў.
Буд таѓояш огаh аз дониши вай,
Аз равиши таhсил, аз хониши вай.
З-ин сабаб гуфто hамон рўз бар jиян:
- Гар падар hам модари ту розиянд,
Ту ба Донишгоh дохил шав, ки басо
Баhри ин лозим бувад аќли расо!
Ман ба мактаб рафта, аз устоди ту
Кардам аз аќлу саводат пурсуjў.
Шод аз он гаштам, ки донишат ќавї,
Бешаке бояд ба Донишгоh равї.
Баски шавќ дорї ба фанhои даќиќ,
Чун муhандисї омўз илме  аниќ.
Боварї дорам, к-аз ин касби накў
Соhибиззат гардида,  ёбї обрў…

Чун зи хурдї он писар буд бонамоз,
Зуд гирифта з-аhли он сўhбат jавоз*(3),
Шуд имоми деhа вориди сухан:
- Бишнавед, эй мўъминон, hарфе зи ман,
Турфа шогирдест ин фарзанди шумо,
Бонамозу ботаhорат доимо,
Чанд замон дар назди ман таhсил намуд,
Донише аз фиќhу*(4)наhв*(5) hосил намуд,
Илми таjвидаш*(6) мукаммал ин замон,
Дар ќироат лафзи мавзунаш равон…
Бояд ин ки хориjи кишвар равад,
То дар он jо олиме номвар шавад!

Зери таъсири суханhои имом,
Гум намуда аќлу hушашро тамом,
Гўш накарда маслиhатhои дигар,
Зуд ба фарзандаш бифармуд он падар:
-Рав ба Покистону таhсил бинамо,
Баhравар гардї то аз аjри Худо!

Чун шунид ин амри ќатъиро писар,
Даhшаташ омад, парид hушаш зи сар,
Ноилоj фармони падарро гўш кард,
Орзуи муhандисї  фаромўш кард.


      Таhсил дар хориjа

Баъди хатми мактабаш ќобилписар
Зуд бибаст бе гилае рахти сафар,
Афѓонистон рафт сараввал бо азоб,
Ў мадад пурсида аз баhри савоб.

Дур бишуд ў чун зи Панjу соhилаш,
Ёд овард панди таѓои оќилаш:
- Зинhор мекунам, ки аз jангу jидол
Дурї jўю ёб илоjи эhтимол*(7).
Эhтиёт шав аз фиреби нобакор,
Xарзаи ваhhобиёнро*(8) гўш мадор,
Мазhаби Имоми Аъзам рост дор,
То нагардї hамчу сайде дар шикор!

Лек jавонро hукми таќдираш кунун
Аз jаhони орзуhо мекард бурун.
Толибе гашта варо чун роhбалад,
Гуфт, ки бемузд сўи маќсад мебарад.

Аз чї бошад, мадраса дар Покистон
Накард варо як лаhзае саргардон.
Ќабул намуд бе санjишу имтиhон
Он jавонроба сафи толибилмон…

Бигзашт моhе аз таълим дар мадраса,
Дарак набуд аз калому hандаса,
Лек зеhни он jавонро пок бишустанд,
Гўиё аќидаhояш нодурустанд,
Гўё дини асил аст ваhhобия*(8),
Гумроhї аст дигар hама равия,
Гумроhї аст урфу одати деhа,
Бе истисност*(9) мардуми деh, бероhа,
Намозашон аз сар то поён ѓалат,
Чунки «ширк»*(10) аст hама он урфу одат,
Аёдати шайху бузургон – «бидъат»*(11),
Мухолиф аст чунки ба илми «ваhдат»*(12),
Зиёрати ќабру мазор гуноh аст,
Оќибаташ бехудоиву оh аст,
Хатокорон сазоворанд ба нафрин
Xукми ќатл аст jазои hар як бедин,
Гар толибро мўъминї дар ниhод аст,
Чанг дар сафи ДИИШ*(13) бешак «jиhод»*(14) аст…

Xарчанд аввал исён намуд афкораш,
Заhролуд кард зеhни ўро сардораш.
Фикри солим кам-кам аз сараш дур шуд,
Ба хоjагон мурид нею муздур шуд.
Таассуб тира бинмуд аќли ўро,
На танhо сираташ, hам шакли ўро,
Зи бас хеле маhин буд пашми рўяш,
Ришеро сила кардан шуд орзуяш.

Ба ин минвол гузашт як соли таhсил,
Кунун бояд кунад таjриба hосил.
Зи устодаш гирифта чанд супориш,
Ба деhаш раhсипор шуд он маhинриш.


       Таjрибаомўзї

Гўиё ид барпо гашта буд он рўз,
Ки бозгашт ба деhаш таjрибаомўз.
Хурсанд буданд аhли деh аз бозгашташ
Бо орзуhо аз сўhбату нишасташ.

Падар фахр менамуд аз дониши ў,
Зи ќаду ќомату аз хониши ў.
Чу моhтоб менамуд рухсори пашмин
Ба чашми модари пурсабру тамкин.
Бародар шод буд аз авjу барораш,
Таѓо hам гарм бигрифт бар канораш.
Ду даст пеши бараш имоми деhа
Xамегуфт бо тамаллуќе бадеhа –
Чароѓафрўзи деh эълон намудаш,
Ки пур аз илму дин гаштаст вуjудаш…

Шуда мафтуни hусну сурати вай,
Сад афсўс, ки ягон кас сирати вай
Нафаhмиду накард некў насиhат,
Ки маhрум гаштааст ў аз тариќат*(15)…
Вале хўи дигаргашта зи худ зуд
Дарак дода, зи рўяш парда бикшуд.
Зи рўзи дуюми бозгашт ба деhаш,
Накарда фарќи бегона зи хешаш,
Вуруд мешуд ба сўhбатhои эшон,
Намуда hушашон беhад парешон.
Нарм накарда каломашро беибо
Xарф hамезад аз одобу аз Худо.
Лаjоми сўhбате бигрифта бар даст,
Сухан мекард ба шўру шўришу шаст.
Имоми деh ба ќавлаш бесавод аст,
Дар ин бобат варо чандин мавод аст:-
Хато ёд медиhад тарзи ибодат,
Пур аз саhву ѓалат ўро ќироат.
Айби бисёри дигар дар гарданаш:
Нест ќотеъ наhйи мункар*(16) карданаш,
Ў ба ваќти вазъ hамдами носеh нест,
Амри маъруфаш*(17) дилкашу возеh нест,
Xамеша хутбааш*(18) якрангу дилгир,
Аз он, ки ин замон гардидааст пир.
Ў hамин тарз падарро низ биранjонд,
Бародарро гумроhу нотавон хонд.
Чу пандаш гуфт таѓояш оќилона,
Бидод посух: «Дигаргун шуд замона,
Кунун бояд на ин ки урфу одат
Шавад дастури кор, балки шариат*(19),
На он дине, ки омўхтанд ба моён
Садhо сол боз динбехабар муллоён,
Балки дини аз ширку бидъат озод,
Дини орї аз тафсиру маънидод.
Xамон дине, к-аз даврони Пайѓамбар
Накардааст мазмуни худро дигар…
Каманд байни хотимони Донишгоh
Олимони аз дини ислом огоh.
Шодам,  ки дин дар мадраса омўхтан
В-аз дўзаху азоби нор ворастан,
Шукри Худо, шудаст насиби ман hам,
Дар ин дунё наям раhгуму сархам…»

Мувофиќи дастур бояд дар таътил
Чун навниhол толиб низ бидhад hосил –
Якчанд нафарjавонони солимтан
Моил гарданд бояд ба илм омўхтан.
Ин дастур низ ба пуррагї иjро шуд,
Мукофоте ба толибилм раво шуд –
Фиристода чиптае то Истамбул,
Бинмудандаш ба сафи ДИИШ ќабул.


             Jиhод

Гирифта чиптаро ў гуфт ба хешон:
- Дигар аз ман нагардед hеj парешон.
Ба Ќоhира рафтан маро мурод аст,
Давоми таhсил он jо дар ниhод аст.
Нагашта аз асли воќеа огоh,
Падар фотеhа додаш хоhу нохоh…

Хуш пазируфт jавонро дар Истамбул
Бо эhтиром, чун замоне дар Кобул,
Бародари диние, ки тайёр буд
Xар чиро, ки меhмон хоhиш менамуд,
Иjро кунад бо табассум, бе суол,
То ба меhмонаш наояд hеj малол.
Пас аз чанд рўз меhмонро аз Туркия
Ба маркази таълимї дар Сурия
Гусел бинмуд роhбалади меhрубон,
Эзоh дода шартhои таълим дар он…
Дар он марказ ба номаш бикушоданд
Xисоби бонкиеву ба ў бидоданд,
Кунад то дар ДИИШ чун зархарид jанг,
Накарда ёд зи ору номусу нанг.
Xамин тариќ толибилм муjоhид шуд,
Ба лашкари нобакорон ворид шуд.
Муjоhид шуд jавон бифрўхта имон,
Ба бозгаштан бишуд маhрум аз имкон.
Замоне буд дилаш равшан, вале зуд
Бишуд торику бадхашму пур аз дуд.
Аз он лаhза тиhї гашта ниhодаш,
Зи меhру оќибат, аз ѓаму шодаш,
Бишуд пур аз ѓуруру манманиhо,
Намуд одат ба jангу сарканиhо,
Набуд дар сар нишоне аз салоhаш,
Ќалам дигар набуд jои силоhаш,
Ба дасташ буд туфангу зеhн холї
Зи раhм кардан ба он бадбахт аhолї…

Дар аввало  аз он гумроh муjоhид,
Телефонаш дарак медод чу ќосид,
Давоми hафтаву моhе ягон бор,
Нагуфта jои зист медод ахбор…

Пас аз соле гузаштан, ў ду-се моh
Накард хешон зи аhволи худ огоh.
Наёфт jои нишаст модар, hазин шуд,
Падар дар hайрат афтод, ѓамќарин шуд.
Муроjиат ба консулу сафирон
Раhоие надод аз дарди hиjрон.
Падар аз дарду ранj беhад хурўшид,
Бирафт рўзе ба ТИСЕЛЛ-у бипурсид:
- Бифаhмонед, азизонам, ба ман зуд,
Ки занги охиринаш аз куjо буд?
- Аз Истамбул буданд зангhои аввал
Аниќ то hафтаи охири феврал.
Зи Миср асло ягон занге нашудаст,
Тамоси охирї аз Сурия будаст…

Ба Туркия падар дарhол сафар кард:
«Чигарбандаш чаро jон дар хатар кард?»
Суоли дигаре низ бас гаранг кард:
«Чї маjбураш намуд, ворид ба jанг кард?»

Дар Истамбул, дар истгоhи фурудгоh
Варо аз вазъият бинмуданд огоh:
- Бурунмарзони мўъминро дар ин jо
Миёнрав интизор аст дар фалон jо.
Дар он маъво «бародарhои динї»
Ба сардории муjоhид фалонї
Агар hоjате  бошад, мебароранд,
Ба миллат ё забон коре надоранд.

Ќиссаи фарзанди ўро шунида,
Ёд оварданд «шаhид»-и баргузида.
Миёнраве, к-аз ќисматаш буд огоh,
Дарhол бихонд ояти «Инно лиллоh»*(20).
Гуфто ба ў: «Хам макун асло сарат,
Ёфт шаhодат дар роhи дин писарат.
Дар jиhоде зидди малъун кофирон
Чун шаhид сўхт hангоми бомбаборон.
Чисми вай сўхтасту рўhаш дар биhишт,
Чун даравгар бардошт ў hар он чї кишт».

Мушт ба пешонї бизад сарсахт падар,
- Во дареѓо, сўхт дар оташ гулписар!..
Ашк мерехт аз чеhраи ѓамгини ў,
Аз чї талх шуд меваи ширини ў?
Аз кадом jўйбори заhрнок об бихўрд,
Ки дар оташ биафтоду бимурд?
Ў чї мегўяд ба мискин модараш,
Чун намедонад, куjост хокистараш?


             Эпилог

Чї маънист ин масалро, эй бародар?
- Маjў бахтат ту дар хориjи кишвар.
Чї лозим, ки шавад машhуру номвар
Ба гумроhї касе дар мулки дигар?
Нагардї то мустаманд, резонда обрўй,
Илоjи воќеа пеш аз вуќўъ jўй.
Равад чун кор зи даст, ранjурї орад,
Фиѓону сад дареѓ суде надорад!




                Пайнавишт
                _________

 Шарhу эзоhот бо истифода аз «Фарhанги забони тоjикї» (Нашриёти «Советская энциклопедия», Москва, 1969) омода гардидаанд.

1.Шаhид – дар jанг ќурбоншуда, кушташуда дар роhи дин; Маjозан, бегуноh кушташуда, ќурбоншуда.

2.Эhтиёт- 1.Бо устуворї коре кардан; оќибатандешї, дурандешї; кори бомулоhиза.

               Лек шарт аст лозими тадбир,
               Ки аз он эњтиёт нест гузир.
                Бедил

3. Чавоз-Иjозат, рухсат, изн.

4. Фиќh- илму дониши доир ба аhкоми дину шариати ислом, илми ќонуншиносї дар шариати ислом.

             Фурў хондам асбоби фиќњу калом,
             Шудам дар шиори фаќоњат тамом.
                Шоhин

5. Сарфу наhв – Сарф- морфология, наhв – синтаксис.

6. Таjвид – 1.дуруст талаффуз кардани овозhои нутќ, махсусан оятhои Ќуръон.

7.Эhтимол – 1.ба ногуворие бардошт кардан, таhаммул, сабру тоќат.

              Тарки эњсони хоља авлотар
              К-эhтимоли jафои баввобон.
                Саъдї

             Xофиз, макун шикоят, гар васли ёр хоhї,
             З-ин пештар биёяд бар hаjр эhтимоле.
                Xофиз

Эhтимоли чизе кардан (ё овардан) бардошт кардан ба ногувории чизе, тобу тоќат овардан ба чизе, ки мувофиќи табъ нест, тоќат кардан.

8. Ваhhобия  (салафия) – таълимоти ифротгароёнаи экстремистї , ки дини исломро ниќоб намудааст ва дар бисёр мамлакатhо, аз jумла дар Тоjикистону Русия, фаъолияташ манъ карда шудааст. Дар баъзе мамолики исломї, масалан дар Арабистони Саудию Ќатар, идеологияи hукмрони давлатист.

Ваhhобї – пайрави равияи ваhhобия (салафия).

9.Истисно – 2.калимаи «иншоолоh»-ро ба забон овардан.

               Лек истиснову тасбеhи Худо
               З-эътимол худ буд аз эшон jудо.
                Румї

10. Ширк – куфр, аз рўи аќидаи ислом худоро яккаю ягона надониста, ўро шарикдор hисобидан.

          Ростию кажжї андар роњи тавњид асту ширк,
          Њар ду пайваста нагардад, к-он куjову ин куjо.
                Муиззї

             Бигуфтам яке ба Худованди пок,
             Чї бок он, ки ширк оварад мушти хок.
                Шоhин

11. Бидъа//Бидъат – фикру аќида ва расму ќоидаhои нав дар дин, ки мухолифи таълимоти hукмрони дин мебошад; дар ислом махсусан унсур ва ќоидаhои нав, ки баъд аз Муhаммад Пайѓамбар(c) пайдо шудааст.

                Ба ќамъ кардани фиръавни бидъа мусовор
                Ќалам дар он яди байзош мор месозад.
                Хоќонї

                Назар бар некувон расмест маъњуд,
                На ин бидъат ман овардам ба олам.
                Саъдї

12. Ваhдат –1. ягонагї, танhої, яке будан; 2. эътиќод ба ягонагии Худо.

                Яке jўй, Чомї, дуjўї макун,
                Ба майдони ваhдат дугўї макун.
                Чомї

13. ДИИШ – давлати исломии Ироќу Шом. Ташкилоти экстремистии террористиест, ки дар асоси идеологияи ваhhобия ташкил ёфтааст. Дар аксари мамолики jаhон, аз jумла дар Тоjикистону Русия фаъолияташ манъ карда шудааст.

14. Чиhод – 1. jанг, корзор.

            Чун бўи инояти ту бошад,
            Золон hама Рустами jиhоданд.
                Шамси Табрезї

Чиhоди акбар –мубориза бар зидди хоhишhои нафсонї.

            Саводи аъзам ин-к бубин маќоми хирад,
            Чиhоди акбар он-к бидар масофи hаво.
                Хоќонї

2. jанг дар роњи дин.

15.Тариќа//тариќат –1.роhу равиш, мазhаб.

              Риё hалол шуморанду jоми бода hаром,
              Зиhї тариќату миллат, зиhї шариату кеш!
                Xофиз

16. Наhйи мункар – манъи бадї, манъи кори зишт, ќабеhу ношоиста.

17. Амри маъруф – фармон додан (тарѓиб намудан) ба кори хайр.

18. Хутба //хутбат – Ќироат кардани оят, hадису насиhат дар намози jумъа ва идhо, ки номи халифа ва подшоhи ваќт низ ба забон гирифта мешавад. Ваъз.

19. Шариат - 1. оин, тариќат, суннат, мазhаб; маjозан, одат ва маслак.

               Бад-ин даќиќа, ки рондам, гумони гиря мабар
               Ба банда, гарчи гадої шариати шуарост.
                Анварї

2. роh ва ќонунhои дини ислом. (нигар ба шарhи калимаи «тариќат»)

20. «Инно лиллоh» - Ишора ба ояти 156-и сураи «Баќара»-и Ќуръони Карим:
2:156 – «Аллазина изо асобатhум мусибатун ќолу: «Инно лиллоhи ва инно илайhи роjиъун», яъне: «Ононе, ки чун ба эшон мусибате мерасад, мегўянд: «Xаќќо, ки мо аз Худоем ва hаќќо, ки ба сўи Худо бармегардем».