Хичрон. На таджикском языке

Абдукаюм Мамаджанов
        ХИЧРОН

Ба ѓурбат афтодаму бас азоб дидам,
Ва шабhо бо дидаhои тар хоб дидам.

Шабе дар хоби хеш дидам туро шодмон,
Бимонд аз хандаи зебот ба дил  армон,

Вале афсўс к-ин лаhза буд басе кўтоh
Ва гўё абре тира пўшид рўи моh.

Нигоhат гашт маhзуну чини абрўят
Рабуд ногоh аз машомам атри гесўят.

Саволи гилаомезат намуд hайрон
Марову бар димоѓ омад бўи hиjрон…

Ва он оhанги маhзун харошид дил –
Ба ёд омад он дам, ки дурам аз манзил,

«Чаро?» гуфтї. «Чаро» - ят саргарангам кард,
«Биё!» гуфтї. «Биё» - ят назди сангам кард.

Чу афсунгаштае рафта ба назди санг,
Нафаhмидам, зи чї гаштаст jаhоне танг…

Ту мекардї jаhонро як замон рангин,
Куjо шуд ранг? Чаро шуд ин замон сангин?

Зи hусни ту аз он санг hам нур  меборид,
Навое бо оби рўд то дур мешорид,

Наво буд хандаhоят, навои хуш,
Xамеомад дилам аз он наво бар jўш…

Вале hоло ту дурї, он наво дур  аст,
Xама ширинї бе ту баhри ман шўр аст,

Дилам бе он наво ѓамгину ранjур аст
Ба хун гаштан имрўзу фардо маjбур аст.


                Январи соли 2015