Накукор. На таджикском языке

Абдукаюм Мамаджанов
      НАКУКОР


(Ба шодравон Зокиров Мамарозик)


Замоне буд, ки мекарди шабу руз
Ту фикри бурдбории дигаронро,
Хамегашти фарахманд аз худ он руз,
Сабук сози агар боре гаронро.

Агар ногах шавад аз рохи рост дур
Касе дар чамъият, мегашти ранчур.
Хамехурди гами хар як фитода,
Шавад то ин чахон аз некихо пур.

Накукорию неки карда пеша,
Ба шогирдон азиз буди хамеша.
Барои ту надошт фарке забонаш
Ва хам зуру тавони наздиконаш,

Хамекарди дароз ту дасти ёри
Зи бахри модараш, ё кудаконаш.
Ту фахр дошти зи номи Истаравшан,
Аз ин шахри базебу мисли гулшан.

Ба чашми дил хамедиди Ватанро
Фидо бинмуда бахраш хештанро.
Азиз буди ба мардуми диёрат –
Диёри бас базебу дилрабоят.

Агарчи рафтаи холо зи дунё,
Ту чо бигрифтаи дар магзи дилхо.
Барои иззати номи накуят
Ниходанд исми ту чун номи куят.

Накукори писанди мардумон аст,
Накукор сарбаланд дар ду чахон аст!


                2011