Нушдору. На таджикском языке

Абдукаюм Мамаджанов
             НУШДОРУ

            
Мо муhаббатро боhаловат кам-кам менўшем,
Ишќ ба hардуямон бешак нўшдоруест ширин,
Хамчу симоб дар оѓўши якдигар меjўшем
В-аз чашмонамон мечаканд ќатраhои заррин.

Дар шаби пурхуморе, ки чун  бистаре гарм аст,
Накарда пинаку ёди хоб то саhаргоhон,
Шинем болои  санг, ки чун парболине нарм аст,
Ва бо hар нўшбоди форам бишканем ормон.

Мо косаhои ишќро имшаб мекунем холї,
То дар hар ќатра хунамон баhор jавлон занад,
То аз хурўши он ќатраhову зи хушхолї
Ишќ ба зимистони дилhо хати бутлон занад!