Ба Мунзима. Акростих на таджикском

Абдукаюм Мамаджанов
        БА МУНЗИМА МАДАМИНОВА

Маърифатjўиву донишандўзї чу касбат шуд,
Аз он рафтору пиндору гуфторат пурhикмат шуд.
Дуои волидайн бигрифтаї бо некномї,
Асолатдории худро зи баски хуб медонї.
Мураббиhои мумтозат фахр доранд зи ту доим,
Ионат hам вафодорї аз он ки бар туанд ќоим.
Ниhоли боѓи ирфонат, к-имрўз нек дарахте шуд,
Оварда самар ба мардум, дарахти некбахте шуд.
Ватан гашт розию, халќ низ розист аз самарhоят,
Аhосин бошад имрўз подоше бар амалhоят.
Маониро писандидї, ба илм сидќу вафо дорї,
Упою атр лозим нест, ту худ hусни расо дорї!
Насеhат шод аз он шудаст, ки ту имрўз – насиhатгар,
Замоне домани устод бигрифта, гаштаї роhбар.
Иjозат деh, ки имрўз тамоми халќи Хиштхона
Муаззаз устод гўяндат ба устодон самимона.
Аё, эй дўхтари донои Мастонаю Нўъмон,
Туи бешак дар пойтахт фахри ноhияи моён!

                2016