Сайри Искандаркул. На таджикском языке

Абдукаюм Мамаджанов
    САЙРИ ИСКАНДАРКУЛ
            (Хачвия)

Искандаркул бас зебост,
Боду хавош гуворост,
Рузе ба сайраш рафтан
Орзую нияти мост.

Маслихат кардем боре
Бо лофи бешуморе,
К-аз зиёраташ мо низ
Мешиканем хуморе.

З-он, ки рохаш хеле дур,
Гарчи нестем ландахур,
Сафарамон дер кашид
Мисоли думи шутур.

Мошини Мухаммадчон
Бе бензин монд ин замон,
Наовард Шаробиддин
Маслихате  бар забон.

Ба сафар рафтан мумкин,
Хушёр гап занем лекин,
Таъкид намуд дустона
Абдурахим ботамкин.

Бетараф Абдугани,
Гайрати Зафар кани? 
Каримчон мондаст хайрон
Аз ин хуморшикани.

Рустамчон гилакунон
Аз ин хама гирумон,
Гуфто рузи сафарро
Дигар бинмоед дустон.

Аз лофу луфи бисёр
Наояд ният ба бор,
Абдукаюм, бодаро
Ором бо дуст бибардор!


                08.2018