Санги тасфон. Горячий камень. На таджикском языке

Абдукаюм Мамаджанов
    САНГИ ТАСФОН
             

                (Ба ин монанд афсонае,
                К-онро навишта буд Гайдар,
                Хонда будам замонае,
                Лек ин афсонаест дигар.)

Дар домани  кухи баланд
Як пирамарди некдиле
Бо зури дасту бо каланд
Обод намуда манзиле,
Танхо худаш дар кулбае,
Дар кулбаи озодае
Мебурд хаёту доимо
Шукрона мегуфт бар Худо.

Да сохили оби зулол
Бо мехнати хакку халол
Марзи санглохе обод кард,
Боги накуе бунёд кард.

Шому сахар ин пирамард
Бо дасту пои пур зи дард
Белу каланду дост ба даст
Даме бекор наменишаст...

Хар нисфирузи бачагон
Озод шуда аз дарсашон,
Дар назди боги пирамард
Хох рузи гарм, хох шоми сард
Бо хар гуна бозичахо,
Мошинчахову тубчахо
Бо хам бози менамуданд,
Гохе бо завк месуруданд...

Рузе Акрам ном писаре,
Бар устодон дарди саре
Аз дарс гурехта бо фиреб,
Бог даромад аз бахри себ.
Лек богбон гашта бохабар,
Уро рахонид аз хатар -
Нагзошт, ки шайтони лаин
Зишти бар калбаш чо кунад,
Дузд гардида у баъд аз ин
Хар амри вай ичро кунад.

Акрам зи шарму аз хаё
Гардид равон суи сахро.
Уро садхо фикру хаёл
Беист хамедоданд малол.
Нодида рох мезад кадам
Нагрифта дам у аз алам.

Хаста гардида то бегох,
Санге бидид дар сари рох.
"Уф-ф!" - гуён болояш нишаст,
Лек дархол аз чояш бичаст -
Гуё уро чизе газид,
Ё оруе нешаш халид.
Чизе надида руи санг,
Акрам бишуд хеле гаранг.
Чун дасташро бар санг расонд,
Кафи дастро санг бисузонд.

Сипас дар руи санг ногох
Навиштачоте шуд пайдо.
Хамон дам оташи сузон
Намуд атрофаш фурузон.
Хама хафтоду шаш харфаш
Хамесухтанд чу дар оташ:
"Хар кас барад ин санги рох
Болои куху бишканад,
Гардад чавону бегунох,
Аз нав хаёташ сар шавад".

Дар зери лавха мухре буд,
Аломатхояш зарандуд.
Ин мухр ба мухри чамоат
Надошт ягон хел шабохат:
Тиру камони рангоранг
Метапиданд болои санг,
Ду салибу се думи мор,
Чатри дарози куббадор,
Чор вергули думпечида,
Шаш нуктаи мисли дида
Дар мобайни тиру камон
Мераксиданд чашмакзанон.

Чу хонд он лавхаро, Акрам
Ба вачд омад, бишуд хуррам.
Мехост барад сангро ба кух,
Валекин бо гаму андух
Ба ёд овард у якояк
Хаёташро то синфи як:
"Ду сол дар синфи як хондан,
Зи дустонам кафо мондан
Дигар такрор нахохад шуд!"-
Бигуфт у зери лаб бо худ.
Агар бе хондани китоб,
Бидуни хар гуна азоб
Аз синфи як ба синфи чор
Бигзаронад санг бемалол,
У рози мешуду, вале
Санге ба ин кор кодир не!

Бояд хар кас худаш хонад,
Бояд дарсро худаш донад...

Ин дам ба ёди Акрамчон
Омад он пири бедармон.
Ба ёд овард богбони ланг,
Ки метавонист бо тавланг
Дар бог дихад уро чазо,
Лекин нагуфта носазо,
Харчанд, ки аз богаш биронд,
Ба рохи бад рафтан намонд.

"Шояд, ки бобои богбон
Ёбад зи санг зуру тавон.
Бояд уро ба назди санг
Орам бо тези бе диранг,
То сулфааш ёбад сихат,
Аз лангии пояш рахад,
То комати хамгаштааш
Рост бинмуда, аз чехрааш
Гардад табассум хувайдо,
Чун чавони кунад пайдо".

Бо чунин фикрхо шитобон
Тохта омад назди богбон.

Чун пирамард наклаш шунид,
Беихтиёр ашкаш чакид.
Ба Акрам гуфт бо чашми тар:
Сад ташаккур,эй некписар!
Лекин надорам ман тавон,
То он сангро мисли чавон
Аз кади рох то кух барам,
Худ илоче кун, писарам".

Ёфта зи харфи пир шукух,
Акрам баровард санг ба кух.

Дуо бимуд уро богбон
Шуда аз хизматаш шодон,
Вале нашкаста санги рох,
Бигуфт он пир: "Мабод хеч гох,
Ки аз умрам шавам навмед -
Аз ин солу муи сафед.
Шукри Худо, эй писарам,
Хар он чи омад бар сарам
Бо сабр донистам аз Яздон,
Худаш бинмуд корам осон.
Чу вакти чанг ба пои ман
Бо тире захм бизад душман,
Бигуфтам ман бо чашми тар:
"Худоро шукр, нашуд бадтар!"
Дар рузи сахти хешонам
Бидида холи хамёнам,
Маро монданд ба холи зор,
Шуда дархол аз ман безор.
З-он пас харчанд дидам азоб
Дур нагаштам ман аз савоб.
Бо амри такдир ин замон
Бунёд кардам боги калон,
Хар як нихолаш, хар дарахт
Бар ман азиз аз точу тахт.
Сидкан бигу, бахри чи ман
Бишкаста санг гардам чавон?
Бахри чи аз ин умри ман
Боки намонад хеч нишон?

Умре, ки дод бар ман Худо,
Харчанд, ки бошад бебако,
Хар лахзаву хар рузи он
Бошад зи ман ному нишон.
Ман шукр мегуям, эй писар,
Аз умре, ки бурдам ба сар..."

Афсона ин чо шуд тамом,
Лек санг то хол дорад маком
Дар сохили рости дара,
Дар наздикии шаршара,
Чун хайкале аз кади рох
Бар шаршара дорад нигох.

Он санги рох аз он замон
Диданд хазорон одамон.
Хар як чу хонад лавхааш,
Шодон хамегашт чехрааш,
Аммо хеч яке аз онон
Нахост гардад аз нав чавон...

Нависандаи рус Гайдар
Аз санги тафсон дошт хабар.
Ба он дара хам рафта буд,
Дар назди санг нишаста буд.
Лекин у низ чун дигарон
Нашкаста он санги тасфон,
Навишт афсонае, к-аз он
Панде бигранд пиру чавон.

Акнун бигуед, бачахо,
Гар рафта дар он кух шумо
Санги тасфонро бубинед,
Оё онро мешикастед?