Ба дусти зиндаёдам Камолиддин Бобокалонов

Абдукаюм Мамаджанов
                Имруз, 22 апрели соли 2020 дуст  ва   
                бародари азизам Бобокалонов
                Камолиддин Хочи, ки мохи сентябри
                соли гузашта ногахон ин дунёи
                фониро тарк намуданд, агар зинда
                мебуданд, 75 сола мешуданд…

               
                http://stihi.ru/2019/09/16/1388

Ба дусти зиндаёдам Камолиддин Бобокалонов


Бародаре доштам дар ин бевафо оламе,

Хамнишину дилсузу гамгусору хамдаме,

Во хасрато, ки ногахон аз ин чахон бирафт,

Бинмуда зам бар дили наздикони худ гаме…

Имруз рузи мавлудаш буду ба табрики у

Ёрон намераванд, то биншинанд бо у даме,

Лек ёди у мекунанд  з-он, ки дар дилхо бимонд,

Хамчун бандаи худотарсу некном одаме.

Гамхору мехрубон буд у ба хешу акрабо,

Силаи рахм буд дар ёдашу мекард ёрдаме,

Дилгарм менамуд ононро доим ба якдигар

Бо маслихати пухтаеву лафзи фораме.

Некандеш буду доим наку накша мекашид,

То набинанд фарзандон норасоиву каме,

Бо сад умеду орзухо хамрохи Омина

Бахри хушбахтии онон то вопасин даме…

Хафтоду панч мешуд насибаш, гар зинда мебуд,

На ин хама хасрату гаму чунин мотаме…