Дуохои модар. На таджикском языке

Абдукаюм Мамаджанов
Д У О Х О И  М О Д А Р


То бигардад ширинтару бехтар хар як рузи ман,

Менамуди ту дуохо модари дилсузи ман,

Мекушоди бо дуоят мушкили ман доимо,

Хар дуоят бахри ман чун ахтаре буд рахнамо.

Модари ман, модари ман, модари дилсузи ман,

Ки тавонад бишнавад ин дам дарду сузи ман?



Аз дуоят буд хама авчу барори кори ман,

Сарбаланд хастам ба номат, модари гамхори ман.

Гар шавам бемор, нагашта дур зи назди бистарам,

Сила мекарди сарамро, то бирони дур гамам,

Модари ман, модари ман, модари гамхори ман,

Кай бигардад сер боз аз диданат чашми чори ман?



Бобарор буд аз дуоят хар як аз икдоми ман

З-он, ки имонат  кави буд, модари некноми ман.

Обруманд буди доим, хам сохиби аклу хирад,

Шукр карда аз замона, харф мезади аз охират.

Модари ман, модари ман, модари некноми ман,

Пур зи мехри туст дилам, эй манбаи илхоми ман!