Мурча. Муравей. Перевод с русского на таджикский я

Абдукаюм Мамаджанов
          М У Р Ч А

(Перевод ст-я Абиджана Алимджанова
с русского на таджикский язык)


Мурчае маро сахт газид.
Гуё мехост бо ман сухбате орояд.
Намедонам, ки бо кадом забон.
Эхтимол бо алифбои Морзе бошад?

Кистам ман дар чахони худ?
Кавипайкари дупояе?..

Як миллиони шумоён факат як модина дораду халос,
Аз хамин сабаб хамаатон шохдоред.
Шумоён тухмхои бегонагонро медуздед,
То ки аз онон ба худ гулом парваред.
Бо чизи номаълуме олуда мегардонед,
То ки онхо душманони худро фаромуш созанд.

Мечангед -
Сурххо бо сиёххо,
Зардхо бо сурххо.

Чогхоятон ба яроки катлу аз тан чудокунандаи сар мубаддал гаштаанд...

Мо низ хамтои шумоёнем, -
аксари ихтироотамон аслихаи чанги.
Чанг воситаи ачиби халли тамоми мухолифот шудааст.

Шумоён низ аскару генералхо доред.
Факат бе музаю почома.

Мухориба итмом ёфт.
Ду генерал нишастаанд.
Бе аскар.
Найзаю ханчархо шикастаанд.
Тупхо хомушанд.
Хардуи онон низ хомуш.

Охири охирон дарк намудаанд,
Ки ту голиби ин хама мухорибахо гардидаи.
 
Хамчу фариштагон ту низ канот бароварда,
Ба парвози аввалину охиринат мерави.

Тирамох.
Паррандаи фарбехе бо каноатманди
Аз боду хавои форам
Нагмасарои дорад...


_________________________

Оригинал произведения здесь:

http://www.stihi.ru/2019/09/16/5839