Дуохои модар. Благословение матери. На таджикском

Абдукаюм Мамаджанов
        Д У О Х О И  М О Д А Р 


То шавад сохиби мазмуну наку хар рузи ман,

Менамуди ту дуохо модари дилсузи ман,

Мекушоди бо дуоят мушкили ман доимо,

Хар дуоят бахри ман чун ахтаре буд рахнамо.

Модари ман, модари ман, модари дилсузи ман,

Ки битвонад шунидан ин замон дарду сузи ман?


Аз дуоят буд хама авчу барори кори ман,

Сарбаланд будам ба номат, модари гамхори ман,

Гар шавам бемор, ногашта дур зи назди бистарам,

Сила мекарди сарамро, то бирони дур гамам,

Модари ман, модари ман, модари гамхори ман,

Кай бигардад сер боз аз диданат чашми чори ман?


Неканчом буд аз дуоят хар як аз икдоми ман,

З-он, ки имонат кави буд, модари некноми ман,

Обруманд буди доим хам сохиби аклу хирад,

Шукр карда аз замона, харф мезади аз охират.

Модари ман, модари ман, модари некноми ман,

Пур зи мехри туст дилам, эй манбаи илхоми ман!