Ба шастсолагии хамсарам

Абдукаюм Мамаджанов
Руи дунё рузи сармо* омади,

Чун чароги равшани мо омади,

Рузи мавлудат зеббахши Соли Нав,

Хамчу нури рузи зебо омади,

Дар зимистон чун бахори хурраме

Хуштар аз гулхои сахро омади,

Хамчу волидайни бономусу ор

Дилкушоду дидаболо омади,

Шукргуён ба бахти фарзандони нек

Модари гамхору доно омади,

Хафт набера дидиву бар хар якаш

Роздону нозбардор момо омади.

Чун дарахти мевадори пурсамар

Диди шасти ин чахони даргузар,

Шоду мамнун ёру дуст аз шасти ту

Кош, Эзид  медод ба ту шасти дигар!

__________________________________________________

*Рузи сармо -  зодрузи хамсарам Мамадчонова Рисолатмо 01 январи соли 1961 мебошад ва 01.01.2021 сол, иншооллох,  хамрохи фарзандону наберагонамон шастсолагии модари гамхору очаи мехрубонашонро чашн мегирем.