Сафар дар сафинаи илхом бехатар бод!

Абдукаюм Мамаджанов
   

      Соли 2016 нахусткитоби адиби чавон, омузгори МТМУ № 61-и нохияи Ашт  Абдурахимов Сафар Абдусамиевич  бо номи «Сафинаи Сафар»-ро мутоила намуда, хам аз аклу заковат ва хам аз истеъдоди худододааш хеле мутаассир гаштам. Вакте, ки газали ба падари бузургвораш бахшидаи уро, ки матлааш:

        Марде ба мисоли падарам бошам, бас,
        Хар дам ба хаёли падарам бошам, бас…

мебошад, мехондам, аз мехру мухаббати беандозаю самимонааш, ки бо махорати баланди шоири зарифона ба калам дода буду хакикати хаётиро возеху равшан тасвир менамуд, завк бурда, зиндагии падарашро пеши назар овардам. Шод аз он шудам, ки дуст ва бародари азизам Ашуров Абдусами писари хурдиашро низ чун дигар фарзандонаш дар олами илму дониш наку парваридаасту дар рухияи ватандустиву инсонпарвари, мехнаткариниву халолкори ва дигар хислатхои хамида тарбия намудааст, ки он дар газали Сафар чунин ифода ёфтааст:

         Марде ба мисоли падарам бошам, бас,
         Хар дам ба хаёли падарам бошам, бас.

         Дар боги мухаббату садокат ба Ватан,
         Пайванди нихоли падарам бошам, бас.

         Парвоз намекунам агар, боке нест,
         Дар сояи боги падарам бошам, бас.

         Бигзор, ки фориг аз ду олам бошам,
         Огах чу зи холи падарам бошам, бас.

         Дороияш аз неъмати дунё илм аст,
         Ман сохиби моли падарам бошам, бас.

         Як умр дар ин хаёти худ шукргузор
         Бар нони халоли падарам бошам, бас.

         Шеърам, ба мисоли дили у дарёи,
         Ман худ ба мисоли падарам бошам бас.

     Соле пеш ин газалро ба забони руси тарчума намудам ва он дар сомонаи интернетии Иттифоки нависандагони Русия «Стихи ру» нашр гардид:

        Стану мужчиной как отец если, мне хватит,
        Если думает обо мне отец, мне хватит.

        Если в любви и верности к Отчизне родной
        Продолжу дело отца своего, мне хватит.
 
        Не беда, если  не полечу на небеса,
        Тень благодатная в саду отца мне хватит.

        Пусть останусь я ни с чем в обоих мирах,
        Позабочусь если об отце я, мне хватит.

        Лишь наука – богатство отца в этом мире,
        Наследником его если стану, мне хватит.

        Всю жизнь за хлеб отца, добитый честным трудом,
        Если останусь я благодарным, мне хватит.

        Как сердце отца, стих мой, ты похож на реку,
        На отца буду похожим  если, мне хватит.


                (  http://stihi.ru/2020/05/05/5157  )


     Боиси хурсандист, ки соли 2020 Сафар дар озмуни чумьуриявии «Фуруги субхи донои» бо баробари ба ифтихорномаву мукофоти пули арчманд гардиданаш сазовори аъзогии Иттифоки нависандагони Точикистон низ дониста шудааст.
    Адиби чавону умедбахш Сафар Абдурахимовро ба ин муносибат муборакбод намуда, барояш дар олами эчод баландпарвозихои нав ба нав хохонам ва орзуманди онам, ки хамеша сафараш дар сафинаи илхом бехатару гуворо бошад. Бо чунин дуохои нек     газали зерро барояш мебахшам:


Ба изни волидайни донишманду нек номаш Сафар гардид,
Чу бишнохт дар хаёт аклаш, будан хосту амсоли падар гардид,

Насихатхои киблагохи дурандешашро гирифт бар гуш,
Бикушиду аз дуохои неки падар бахравар гардид.

Падар талкин бинмудаш, ки моли дунё хама хеч аст,
Чавонмарди биомухту адабпарвардаи падар гардид.

Ба чашми дил дида дороии падарро аз китоби у,
Гирифта панди некномон, сазовори номи падар гардид.

Пазируфт чун манбаи илхом нони халоли насибашро
Ва бо орзухои нек чахд бинмуду озими сафар гардид.

Сафина сохту  мурги илхомаш дар осмони назм парвоз кард,
Шиновар гашта дар укёнуси дониш, сохибзафар гардид.


                Абдукаюми Мухаммадчон,
                узви Иттифоки нависандагони Русия.

05.01.2021