Ту хасти, дигаре нест На таджикском языке

Абдукаюм Мамаджанов
          ТУ ХАСТИ, ДИГАРЕ НЕСТ

  (Ба муносибати 40-солагии хамсарам)


Чашн дори, эй азиз, чашни фирузат муборак бодо!

Дили нарму чехраи мехрафрузат муборак бодо!

Чумла хешон бо калби софу кадами нек ба табрик

Омада, мегуянд: «Рузи мавлудат муборак бодо!»

Ту ба фарзандон мехрубони,

Кувват ба дилу бехтар зи чони,

Човидони,

Доим чавони,

Пурзуру тавони,

Нурафкану бомехртарин хуршеди чахони…

Худ модарию модари омухти ба духтар,

Ту бар писарамон мохи тобонию ту ахтар,

Бар хар дуяшон нест касе бо ту баробар -

Туи модар,

Туи модар…

Рузи мавлуду бахори чихилат муборак бодо!

Очаи гамхори Амирчон,

Очаи Мафтунаи хандон,

Бахри моён,

Эй мохи дурахшон,

Зи ту гамхортаре нест,

Хамдаму ёртаре нест,

Хам вафодортаре нест,

Хама рах рафтаму дидам, ки ту хасти, дигаре нест!

Дар гирди чахон бас гаштаму дидам касу нокас,

Хамсухбати санамон гаштаму духтари кадрас,

Эхсос намудам, ки мислат хамсафаре нест,

Хаммаслаки бегаразу ёвартаре нест,

Аз рози дили пуршури ман огахтаре нест,

Дар дафтари назми ман бахшида бар хеч якаш шеъри таре нест,

Санчидаму дидаму гуфтам, ки ту хасти, дигаре нест!


                01.01.2001 сол