Падар. Отец. На таджикском языке

Абдукаюм Мамаджанов
         


         П А Д А Р


Хамчу пире барнодил хамеша падар

Ба дунё чун чавон менамуданд назар.

Гарчи аз навад бигзашт синну солашон,

Набуданд харгиз навмед аз хаёташон.

Аз гузашти рузгор бинмуда андеша,

Бо ростони некандеш буданд хампеша.

Гузаштагонро бо неки бинмуда ёд,

Бо дуо пайвандонро менамуданд шод.

Аз дуруггую суханчин безор буданд,

Ба кавли худ хамеша устувор буданд.

Падарвор гамхор ба шогирдон  буданд,

Дар ин чода устоди устодон буданд.

Гуфтори ширинашон кони маъни буд,

Бе нолишу шикоят аз буду набуд.

Бо дили пурмехру саршори садокат

Ба фарзандон доданд дарси сабру токат.

Чи хушбахтам, ки шогирди падар хастам,

Ба ман илм омухтанд, бигрифта аз дастам.

Човидон аст дар дилам падардода панд:

«Худотарс бош, писар, то набини газанд!»