Чаро сузанак частухез карда месарояд? На таджикско

Абдукаюм Мамаджанов
Чаро сузанак дар масали И.А.Крилов частухез мекунад ва месарояд?


Солхои хафтодуми асри гузашта   дар мактаби миёна ба хайси муаллими фаннхои забон ва адабиёти рус кор мекардам ва хангоми омузиши масали нависандаи рус Иван Андреевич Крилов «Сузанак ва мурча» хонандаи закие суол дод, ки чаро дар ин масал сузанак частухез мекунад ва месарояд? Дар асл ин тавр неку?

Гумон дорам, ки хонандагони имрузаро низ ин холат ба хайрат меоварад. Барои равшани андохтан ба ин масъала хостам дар ин макола чахде кунам ва дар якчояги тарчумахои асархои Эзоп, Лафонтен ва Криловро, ки сюжеташон як аст, ба забони точики ба донишчуён пешниход намоям.

Соли 1808 масали    Иван Андреевич Крилов (1769-1844) бо номи «Сузанак ва мурча» аз чоп баромад. Вале Крилов офарандаи ин сюжет набуда, балки ин сюжетро аз масали нависандаи франсуз Жан де Лафонтен (1621-1695) аз забони франсузи ба забони руси баргардонида буд. Лафонтен бошад, дар навбати худ сюжети мазкурро аз масалнависи юнони Эзоп, ки дар асри 6 то мелод умр ба сар бурда буд, гирифтааст.

То замони мо 426 масалхо, ки ба Эзоп мутааллик медонанд  ва  дар шакли асархои хачман хурди насри навишта шудаанд омада расидаанд. Вале бояд кайд кард, ки аксари ин масалхо харчанд дар даврахои гуногун навишта шуда бошанд хам, ба «Мачмуаи Эзоп» («Эзопов сборник») дохил карда шудаанд.

Масали ба тарики наср нависташудаи Эзоп «Малахак ва мурча» ("Кузнечик и муравей") бо забони руси чунин аст:

«В зимнюю пору муравей вытащил для просушки из потаенного места свои припасы, который накопил летом. Голодающий кузнечик умолял его дать ему пищу, чтобы выжить. Муравей спросил его: «А что ты делал этим летом?» Кузнечик ответил: «Пел, не отдыхая». Засмеялся муравей и, убирая припасы, сказал: «Зимой пляши, если летом пел», ки онро ба забони точики ба тарики зер тарчума намудам:

«Айёми зимистон мурча аз чои пинхоннамудааш захирахояшро, ки хангоми тобистон чамъ намуда буд, барои хушк кардан ба берун баровард. Малахаки гуруснамонда аз у зори намуд, ки каме барояш хурок дихад, то аз гуруснаги намурад. Мурча аз у пурсид: « Худи ту дар тобистон ба чи кор машгул буди?» Малахак чавоб дод: «Бе дамгири месурудам». Мурча хандиду захирахояшро чамъкунон гуфт: « Агар тобистон суруда боши, зимистон ракс кун».

Лафонтен ин сюжетро таъгир дод. Малахаки Эзоп, ки дар забони юнони шакли чинси мардонаро дошт, дар асари Лафонтен шакли чинси занонаро сохиб гашт. Азбаски калимаи «мурча» низ дар забони франсузи (La Fourmi) шакли чинси занонаро дорост, сюжети Эзоп дар бораи ду мард дар асари Лафонтен "La Cigale et la Fourmi» ба сюжети дар бораи ду зан мубаддал гашт.
Масали Лафонтенро аз забони франсузи ба забони руси Н.Табатчикова чунин тарчума намудааст:

Цикада и Муравьиха

День-деньской лето целое
Цикада была петь рада.
Но уходит лето красно,
А на зиму нет припасов.
Голодать она не стала,
К Муравьихе побежала,
У соседки одолжить,
Если можно, есть и пить.
«Лишь придет к нам лето снова,
Все сполна вернуть готова, —
Обещает ей Цикада. —
Слово дам я, если надо».
Муравьиха ж крайне редко
В долг дает, беда вся в этом.
«А что делали вы летом?» —
Говорит она соседке.
«День и ночь, не обессудьте,
Песни пела всем, кто рядом».
«Если так, я очень рада!
Вот теперь и потанцуйте!»

Ман хангоми ба забони точики тарчума намудани ин асар   аз тарчумаи русии Н.Табатчикова истифода намудам:

Тсикада ва мурча

Хамаруза дар тобистон
Тсикадае буд сурудхон
Бе захира то зимистон
Расиду монд моту хайрон.
Гурусна монданро нахост,
Назди мурчае бирафт рост.
Хост карз гирад аз хамсоя
Каме хуроку нушока.
«Хамин, ки тобистон омад,-
Гуён аз дараш даромад,-
Хар он чи медихи ба карз,
Баргадонданаш ба ман фарз».
Мурча бо хар хел бахона
Намедод карз бадбахтона.
«Чи кор кардед, хамсоячон,
Шумо дар фасли тобистон?» -
Пурсид мурча аз Тсикада,
Заррае хам шарм накарда.
«Чи мегуед, ки доим ман
Рузу шабхо суруд хондам».
«Ин тавр бошад, хеле хам хуб,
Акнун бираксед чун чунуб!»
 
Чи тавре, ки мебинем, Тсикада хурокро аз мурча муфт не, балки хамчун карз мепурсад. Вале мурча хатто фикри судхуриро хам надорад ва аз хамин сабаб илтимоси хамсояашро оиди карз додани хурок рад намуда, вайро хоху нохох ба марг аз гуруснаги махкум мекунад. Фикри Лафонтен дар бораи ногузир будани марги Тсикада аз кахрамони масал интихоб гардидани махз Тсикада низ маълум аст. Сабаб он аст, ки мувофики ривояте дар бораи Афлотун (Платон) марги тсикадахо аз лахзаи тавлидашон ногузир аст. Ривоят чунин аст: «Тсикадахо дар замонхои пеш аллакай то пайдоиши Музхо одам буданд. Замоне, ки Музхо тавлид шуданд, сурудхони пайдо гашт. Кисме аз инсонхои хамонвакта аз таъсири сурудхони чунон лаззати беандоза мебурданд, ки хатто хурдану нушиданро низ фаромуш намуда, бехудона ба марг дучор мешуданд. Аз он инсонхо насли тсикадахое огоз ёфтанд, ки аз Музхо чун мукофот хислати пас аз тавлид ёфтан ба хуроку нушоки эьтиёчманд набудан ва дархол бе хурдану ошомидан ба ракс даромадану то лахзаи марг беист суруданро доро гаштанд».

Иван Андреевич Крилов хангоми ба забони руси бозгардон намудани ин асар, азбаски он замон дар Русия дар бораи тсикада кам чизе медонистанд, карор дод, ки тсикадаро ба хашароти дигари мутааллики чинси занона – сузанак (стрекоза) иваз намояд. Ачиб ин аст, ки дар замони Крилов ду хашаротро – хам сузанак ва хам малахакро «стрекоза» меномиданд. Махз аз хамин сабаб «сузанак»-и («стрекоза») Крилов хамчун малахак частухез мекунад ва месарояд.

Стрекоза и муравей

Попрыгунья Стрекоза
Лето красное пропела;
Оглянуться не успела,
Как зима катит в глаза.
Помертвело чисто поле;
Нет уж дней тех светлых боле,
Как под каждым ей листком
Был готов и стол, и дом.
Все прошло: с зимой холодной
Нужда, голод настает;
Стрекоза уж не поет:
И кому же в ум пойдет
На желудок петь голодный!
Злой тоской удручена,
К Муравью ползет она:
«Не оставь меня, кум милый!
Дай ты мне собраться с силой
И до вешних только дней
Прокорми и обогрей!» —
«Кумушка, мне странно это:
Да работала ль ты в лето?» —
Говорит ей Муравей.
«До того ль, голубчик, было?
В мягких муравах у нас
Песни, резвость всякий час,
Так, что голову вскружило». —
«А, так ты...» — «Я без души
Лето целое все пела». —
«Ты все пела? это дело:
Так поди же, попляши!»

Масали Криловро ба забони точики чунин тарчума намудам:

Малах ва мурча

Малахак частухезкунон
Аз гузаштани тобистон
Тамоман бехабар мондаст,
Ки зимистон хам омадаст.
Он замон холи шуд сахро,
Фасли гарм рафт, омад сармо,
Хуроку чои хоб дигар
Набуд тайёр зери хар барг.
Барфу борони сард омад,
Фаровони ьама бигзашт,
На дар сахрову на дар дашт
Намонд хеч меваю гулгашт –
Шикамхолиро дард омад.
Малах монд зери бори гам
Ва чун бечорагон сархам
Назди мурча рафт покашол
Ва гуфт: «Гар бошад бемалол,
Маро, хешам, танхо магзор,
Факат то аввали бахор
Ба дарди ман давое дех,
Дар кунчи хона чое дех!»
Мурча гуфто: «Манам хайрон,
Чи кор карди ту тобистон?»
Чавобаш дод малах дархол:
«Маро,чони ширин, то хол
Набуд парвои хеч коре
Гайри суруд дар маргзоре.
Будам сармасту бегам ман
Хар соатеву хар як дам».
«Яъне, ки ту…» - «Ман бепарво
Бо шухтарин савту наво
Суруда, мондам бехабар
Аз омади сармою тар»,
«Суруд хонди дар тобистон?
Бирав акнун ту ракскунон!

Агар хислатхои мурчахои ин се асарро тахлил намоем, бармеояд, ки мурчаи Крилов нисбат ба мурчахои Эзопу Лафонтен хеле берахмтар аст. Дар ду сюжети аввал Малахак ва Тсикада аз мурча факат хурок металабанд, яъне дар назар дошта мешавад, ки онхо ба хар хол барои фасли зимистонро гузаронидан чои гарме доранд. Дар масали Крилов бошад, сузанак аз мурча на факат хурок, балки сарпанохи гармеро низ пурсон мегардад. Яъне мурча хохиши сузанакро рад намуда, уро на танхо ба марг аз гуруснаги, балки ба марг аз сармо низ махкум намудааст.

Ин раднамои боз аз он сабаб манфуртар аст, ки мард ба зан (Муравей – мард, Стрекоза – зан) ин амалро раво мебинад. Дар Эзопу Лафонтен бошад кахрамонони масал хамчинсанд. Дар масали Эзоп – мардон ва дар масали Лафонтен – занон.